ҶОМИ ОСИЁ-2026. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал муайян шуданд

Рақибони дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар қисми ниҳоии Ҷоми КФО-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, муайян шуданд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, пас аз қуръакашии  Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» ҷойгир шуда, бо дастаҳои Ҷопон, Узбекистон ва Австралия бозӣ мекунад.

Дар қуръакашӣ шонздаҳ даста ба чор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D»  тақсим шуд, ки ҳар кадоме аз чор даста иборат аст.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, барои медалҳо муборизаро идома медиҳанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE