Ваҳдат: сокинон соҳиби туҳфаи Пешвои миллат шуда истодаанд
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони китоби «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Ваҳдат расид. Тақсимоти ин туҳфаи гаронарзиш бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги кишвар дар ҳаҷми 49 ҳазору 500 адад ба ҳар як хоҷагии 10 ҷамоати дехот, як шаҳрак ва маркази шаҳр идома дорад.
Корвони китоби «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуровро сокинони шаҳри Ваҳдат бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Дар пешорӯи ҷашни 30 – солагии Истиклоли давлатӣ, ин ганҷи таърих ҳамчун туҳфаи рамзию арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ва ширкати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур ба ҳар як оила тақдим гардида истодааст.
Ба гуфтаи Эркамоҳ Мирзоева, мудири Шуъбаи фарҳанги шаҳр, ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани тақсимоти китоби “Тоҷикон” як комиссияи салоҳиятнок дар назди мақомоти маҳаллӣ фаъолият дорад. Ин туҳфаи бебаҳои Пешвои миллатро аҳли ҷамоатчигии шаҳри Ваҳдат бо хушнудӣ пазироӣ намуданд.
Қабули туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Ваҳдатро рӯҳбаланд гардонд. Онҳо иброз медоранд, ки фарзандонашон дар пайи хондани ин китоб аз таърихи гузаштагони худ огоҳ гардида, бо меҳри ватандӯстонаю меҳанпарастона дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони сохибистиклол саҳми арзанда хоханд гузошт.
Абдулло Тағойзода, омӯзгори МТМУ №34 – и деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ин туҳфаи арзишманди Президенти мамлакатро маорофичиён ҳамчун туҳфаи гаронарзиш, сарчашмаи донишу хирад ва манбаи беназири худшиносӣ баҳри наслҳои имрӯзу фардо медонанд. Зеро, ба таъкиди ӯ, китоби «Тоҷикон» аз рӯзгори гузаштаи ниёгон барои насли имрӯз ҳикоят карда, роҳи ояндаро барои онхо мунаввар месозад.
Сайёра Солиҳова, омӯзгори МТМУ №17 – и шаҳри Вахдат, ки ӯ китоби “Тоҷикон” – ро хондааст, ин шоҳасарро шиносномаи таърих ва тамаддуни тоҷик гуфта, ба он назар аст, ки он дар шинохти гузаштагон дар раванди таърих аз манфиат холӣ нахоҳад буд. “Аз ин ҷост, ки таърихнигорон дар маъхазҳо ёдрас шудаанд, ки ин шоҳасар гузашта ва имрӯзи миллати тоҷикро бо ҳам мепайвандад”, – мегӯяд ӯ.
Дар шароити кунунии бархӯрди тамаддунҳо, ҷаҳонишавии бемайлон ва баҳамоии омилҳои нави геополитикӣ хондану донистани таърих, фарҳанг ва тамаддуни аҷдодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон бениҳоят муҳим арзёбӣ карда мешавад. Бо назардошти муҳимияти ин масъала ва шоиста истиқбол намудани ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои милат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар супориш доданд, ки то фарорасии ин ҷашн аз номи Пешвои миллат ин шоҳасарро ба ҳар оилаи кишвар тақдим карда мешавад. Пазироии он аз ҷониби сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат худ баёнгари он аст, ки мардуми тоҷик аз гузашта то ба имрӯз ба китоб арҷ мегузорад ва инро арзишмантарин туҳфаи Пешвои миллат қабул менамояд.
Тоҷиддин САТТОРОВ,
“Садои Душанбе”