Зафар Холмуродов: таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ бештар гардидааст
Тайи солҳои охир таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ бештар гардида, ҷиҳати ташаккул ва эҳёи ин соҳа як қатор имтиёзҳо фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, озод намудани ҳунармандон давоми 5 соли фаъолияти корӣ аз арзиши иловашудаи андоз ва боҷи гумрукӣ намунаи он аст. Ин гуна кӯмакҳо имконият дод, ки давоми солҳо анвои гуногуни ҳунарҳои мардуми дубора эҳё ва мавриди истифодаи умум қарор гирад.
Зафар Холмуродов, мудири бахши фарҳанги ғайримоддии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегуяд, дар натиҷаи як тадқиқоти анҷомдодаи ҳайати корӣ муайян гардид, ки натанҳо ҳунарҳои миллӣ, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд эҳё шуданд, балки чандин навъҳои дигари маҳсулоти миллӣ аз ҷониби ҳунармандони чирадаст тавлид карда мешаванд.
Ӯ мегӯяд, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ дар ҳама гушаву канори кишвар имрӯзҳо ба қайд гирифта шудаанд. Ҳар як ҳунар бошад, минтақаи хоси худро дорад. Шурӯъ аз Душанбеву Рашту Суғду Хатлону Бадахшон. Вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо, ҳунарҳо низ рушду ташаккул ёфта истодааст. Махсусан, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ҳунарҳои дуредгарӣ, чармгарӣ, кашидадӯзӣ, кандакорӣ ва даҳҳо монанд ба ин дубора эҳё ва барои истифодаи умум пешниҳод гардид.
Қобил ба ёдоварист, ки эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мавриди таваҷуҳи доимии ҳукумати мамлакат буда, дар роҳи расидан ба имконият ва афзалиятҳои бештар чандин барномаҳои давлатӣ қабул ва то имрӯз мавриди амал қарор гирифта истодаанд. Бо иҷрои нақшаҳои мазкур бовар аст, ки самти мазкурро зинаҳои баланди рушд дар оянда интизор хоҳад буд.
Бахтовар АМИНЗОДА,
“Садои Душанбе”