Тоҷикистон: Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронида мешавад

26 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатиттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски,  муовини роҳбари Намояндагии  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон  Зайнаб ал-Аззавӣ, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки аз 26 апрел то 2 майи соли 2021 давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро (ҲАИ) ҷашн мегиранд. Мақсади асосии он – баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

Ба зикри мавсуф, мавзӯи имсолаи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия- ин  «Ваксинаҳо моро ба ҳам наздик мекунанд» мебошад. Ин шиор маҳз дар давраи пандемияи COVID-19 хуб эҳсос карда мешавад. Чунки бо сар задани ин беморӣ аъзои оила- бародару хоҳарон, хешу таборон, ёру дӯстон водор шуда буданд, ки аз ҳамдигар дурӣ ҷӯянд.

«Маҳз бо шарофати коркарди ваксинаҳои нав бар зидди сирояти COVID -19 ва истифодаи оммавии онҳо ҷомеаи башар метавонад ба пандемия хотима диҳад ва аз нав ба ҳаёти муқаррарии худ баргардад. Ин ҳолат бори дигар тамоми мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ  дарк намуда, аз он бетараф набошанд. Новобаста аз мавҷуд будан ё набудани бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон иммунизатсияи тақвимӣ маҳз дар ҳамин давра бояд фаъолтар бошад, зеро бо кӯшиши пешгирии як беморӣ ба сар задани хурӯҷи бемориҳои дигари сироятии идорашаванда бояд роҳ надиҳанд»,- зикр шуд дар ҳамоиш.

Бо назардошти зарурати ҳалли мушкилиҳои соҳа Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия-2021 таваҷҷуҳро ба иммунизатсия ҳамчун ҳуқуқи ҳар шахс ва   масъулияти умумии ҷомеа ҷалб менамояд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баҳри тарғиби иммунизатсия миёни аҳолии мамлакат ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ чорабиниҳоро амалӣ мегардонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон уҳдадорӣ гирифт. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ, ба монанди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Агентии Рушди Байналмилалии ИМА ва дигар донорҳо ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пасткунӣ ва маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда оғоз намуд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ сиёсати ягонаи давлатӣ, ба монанди Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардидаанд, ки онҳо барои такмили системаи иммунопрофилактика дар қаламрави ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани саломатии кӯдакон равона шудаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE