Тоҷикистон мунтазири 300 ҳазор вояи ин ваксина ҳамчун кумаки башардӯстона аст

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ваксинаи чинии бар зидии коронавирус «Sinovac»-ро барои истифодаи фавқулода дар ҷаҳон тавсия дод. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 1 июн, қароргоҳи СУТ дар Женева иттилоъ дод.

«СУТ имрӯз ваксинаи «Sinovac-CoronaVac»-ро бар зидди COVID-19 барои истифодаи фавқулода тасдиқ кард ва ба кишварҳо, фондҳо, агентиҳои харид ва ҷамоаҳо кафолат дод, ки он ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ, самаранокӣ ва истеҳсолот ҷавобгӯ аст», — гуфта мешавад дар иттилоия.

Ин ваксина аз ҷониби ширкати дорусозии «Sinovac», ки дар Пекин қарор дорад, истеҳсол мешавад. «Ҷаҳон ба ваксинаҳои зиёди COVID-19 сахт ниёз дорад, то ки норасоии бузурги баробарӣ ба дастрасӣ [доруҳои эмгузаронӣ] дар ҷаҳон аз байн бурда шавад. Мо истеҳсолкунандагонро даъват менамоем, ки дар механизми COVAX иштирок карда, ноу-хау ва маълумоти худро мубодила намоянд ва дар назорати пандемия кумак кунанд», — гуфт ёвари директори генералии СУТ Марианҷела Симао.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров хабар дод, Тоҷикистон интизори интиқоли 300 000 воя ваксинаи «CoronaVac» аз Чин ҳамчун кумаки башардӯстона мебошад. Дар ҳоли ҳозир шароити интиқоли ваксина баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи Ҷафаров, 300 000 воя барои фарогирии 150 ҳазор нафар дар ду давра пешбинӣ шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки шомил кардани ваксина ба рӯйхати доруҳои тавсиякардаи СУТ барои истифодаи фавқулода шарти пешакии харид ва таъминоти байналмилалӣ тавассути COVAX мебошад. Илова бар ин, он ба кишварҳо имкон медиҳад, ки расмиёти дохилии худро барои тасдиқи воридот ва истифодаи ваксинаҳо бар зидди COVID-19 тезонанд, шарҳ доданд дар СУТ. Созмон ба механизми COVAX аҳамияти калон медиҳад. Тибқи шартҳои барнома, кишварҳои дорои даромади баланд гирифтани ваксинаҳоро барои кишварҳои камдаромад ба ҳар сари аҳолӣ пардохт мекунанд.

То имрӯз ба рӯйхати истифодаи ҳолатҳои фавқулоддаи СУТ шаш дору шомиланд: ваксинаи ширкати чинии «Sinopharm», ваксинаи «Comirnaty», ки онро «Pfizer»-и ИМА ва BioNTech-и Германия якҷоя таҳия кардаанд, доруи ширкати «Janssen», ки бахши амрикоии «Johnson & Johnson» мебошад, ваксинаи ширкати америкоии «Moderna» ва инчунин ду намуди ваксинаи ширкати британӣ-шведии «AstraZeneca» ва Донишгоҳи Оксфорд.

Тибқи иттилои  Наврӯз Ҷафаров,  нақшаи дастрас кардани ваксинаи истеҳсоли Ҷумҳурии Ҳиндустон бино ба вазъи эпидемиологии баамаломада тағйир ёфта, СУТ ҳоло бо дигар истеҳсолкунандагон барои ҳалли ин масъала гуфтушунидҳои иловагиро роҳандозӣ намудааст.

«Аз 23 март то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар бар зидди бемории  COVID-19 ваксинатсия шуда, раванди он тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда идома дорад. Ҳоло дар имунизатсия аз ваксинаи «AstraZeneca» истифода мешавад. Бо назардошти миқдори мавҷудбудаи 192 ҳазор вояи ваксина Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дод, ки ин миқдор ваксинаро барои ду давра истифода барад»,- илова кард сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббӣ.

Дар мавриди гирифтани  ваксинаи  «Спутник V» Н.Ҷафаров гуфт, ки Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо истеҳсолкунандаи ваксина ҳамкории зич дошта,  масъалаи экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои ваксинаро барои бақайдгирии минбаъда, додани иҷозатномаҳо барои воридот ва истифодаи он  дар Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров зимни нишасти хабарӣ пас аз гуфтушунид бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ки ҷонибҳо муборизаи муштарак бар зидди коронавирусро баррасӣ карданд. Ӯ гуфт, ки дар мулоқот масъалаи интиқоли ваксинаи русии «Sputnik V» ба Тоҷикистон ба таври ройгон баррасӣ гардид.

Лавров афзуд, ки қаблан дар ин бора Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расида буданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE