Абдуллозода ва Мияшита рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустиро баррасӣ намуданд

27 апрел дар  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита  мулоқот намуд. Ҳамзамон дар мулоқот намояндагони  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» иштирок намуданд.

Тавре ки аз  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат барои дастгирӣ ва мусоидат намудан бобати харидорӣ ва ворид намудани ваксинаҳо бар зидди бемориҳои мухталиф  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Ҳукумати Япония изҳори сипос намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита аз ҳамкории судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди равобити дипломатии  Тоҷикистон ва  Япония  ҳавасмандӣ зоҳир намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки роҳбарияти Ҳукумати  Япония омодаи рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, хосатан соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва  Такаюки Мияшита аз яхдонҳои нигоҳдорандаи ваксина, ки дар шафати бинои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» қарор доранд, дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 26 апрел то 2 майи соли 2021 дар  давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Ҳафтаи аврупои иммунизатсия баргузор мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE