Паймони миллӣ ва фиреби нави сиёсӣ
Даъвоҳои нави мухолифони тоҷик дар хусуси марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон беасосанд, чунки ин тоифа суханонеро мегӯянд, ки бо мавқеи хоҷагони хориҷии худ мувофиқ аст ва ҳадафҳои онҳоро амалӣ гардонидан мехоҳанд. Вал онҳо агарчи худро пок нишон диҳанд ҳам, муваффақ намешаванд ва ягон нафари тоҷику тоҷикистонӣ ба ин афрод боварӣ надоранд.
Онҳо худ медонанд, ки суханонашон асос надоранд ва мардум ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо эътимод намебанданд, чунки дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон фарзандро маҳз онҳо ятим карда буданд, бегуноҳонро куштанду муҳоҷир карданд.
Ин аъмоли онҳо албатта бе ҷавоб намемонаду миллату халқ онҳоро ҳаргиз намебахшад, чунки онҳо дар ҳаққи миллати тоҷик зулму бедодгарии зиёд карданд. Онҳо агар боинсоф мебуданд, ақаллан ғами ин қадар кӯдаки мазлуму маъсумро мехӯрданд ва ба ҷонашон раҳм мекарданд, вале бръакс занону кӯдакҳоро шиканҷа карданд. Инчунин, баъзеи онҳоро бо худ ба Аврупо бурданд, ки қобили таассуф аст. Онҳо мувофиқ ба шиори гӯр сузаду дег ҷӯшад, амал карда, имрӯз сафсатафурӯшиву дуруғпароканӣ ва фиребу найрангбозӣ доранд. Кишвари мо пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ корхонаҳои зиёд дошт, ки ҳамаашон фаъолият мекарданд, вале аксари онҳо нобуд шуданд, чунки ҳамаи онҳоро ин тоифаа хусусӣ карда, дар вазнинитарин рӯзҳои ин халқ пора – пора карданд.
Мардум бояд чеҳраи аслии ин афроди носипосро акнун бинад, то боз дар доми фиреби сиёсии онҳо наафтанд. Онҳо фикри мардумро накарда, баръакс тамоми нишонаю бойигарии моро ғорат карда бурданд.
Имрӯз Кабирии саркардаи наҳзатиҳо ва ашхоси ба ӯ монанд, танҳо мехоҳанд манфиат ба даст оранду бародарро бо бародар шӯронанд. Агар ин тоифа хиёнаткорон намебуданд, имрўз дар зери домани хоҷагони хориҷиашон пинҳон намешуданд ва баръакс барои сафед нишон додани хеш мубориза мебурданд.
Мо – ҳайати эҷодиву техникии шабакаи “Садои Душанбе” ба ин гуруҳҳои ватанфурӯш ва ҳампаймоне, ки мехоҳанд ватани моро боз ноором кунанд, хитоб карда, мегӯем, ки акнун шумо дигар ҳеҷ кас нестед, ба ҷуз як бозича ва донед, ки ин миллат ҷабратонро фаромӯш накарда, асло ба сафатон намепайвандад. Албатта, масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳи ҳалли худро меёбад, вале рӯсиёҳии шумо бори дигар собит шуд, ки дар назди ояндагону тааърих бахшиданашванда аст.
Коллективи шабакаи “Садои Душанбе”