«Шумон тур» хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ монд

Бо иқдоми ширкати сайёҳии «Шумон тур» барои хонандагони мактаби хусусии «Нури ирфон»-и шаҳри Ҳисор тавассути хатсайри «Душанбеи афсонавӣ» саёҳати таърихию фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.

Хатсайри сайёҳии «Душанбеи афсонавӣ» дар ҳамкорӣ бо бахшҳои маориф, ҷавонон ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таъсис дода шуда,  ҳадафаш муаррифии мавзеъҳои таърихию бостонӣ ва фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе  ба мактаббачагон мебошад.

Тавассути хатсайри «Душанбеи афсонавӣ»  16 октябр хонандагон ба шаҳри Душанбе омада, аз таъриху ташаккули давлатдории тоҷикон, бахусус дирӯзу имрӯзи  пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе огоҳӣ пайдо намуданд. Хонандагон муҷассамаи асосгузори  нахустин  давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ, рамзҳои асосии давлатдорӣ – Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз»-ро, ки яке аз шоҳкориҳои нотакрори  фарҳанги тоҷикон аст, тамошо намуданд. Хонандагон зимни боздид аз «Осорхонаи миллӣ» бо таърихи қадима ва муосири халқамон шинос гардиданд. Дар маҷмӯъ хонандагон дар доираи хатсайри сайёҳии «Душанбеи афсонавӣ» доир ба таърихи гузашта ва муосири пойтахт, рушду пешрафт ва шукуфоии он ҳамчун шаҳри амну дӯстӣ, сулҳ ва фарҳангӣ маълумоти бештар гирифтанд.

Роҳбари ширкати сайёҳии «Шумон тур», муҳаррири шабакаи “Садои Душанбе” Бахтовар Аминзода гуфт, хатсайри сайёҳии «Душанбеи афсонавӣ» дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаву олии кишвар ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Ширкати сайёҳии «Шумон тур», ки дар шаҳри Ҳисор таъсис дода шудааст, моҳи августи соли равон вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардид, ки рисолаш рушди туризми дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ мебошад.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE