Лахш: Боздиди Президенти мамлакат аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои сокинон боздид намуданд.

Дар ин ҷо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва дар маҷмуъ маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои сокинони 9 шаҳраку  деҳоти ноҳияи Лахш намоиш дода шуд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ дар соҳаи саноат, соҳибшуғл намудани сокинон, махсусан занону духтарони хонанишин бо ҷои кори мувофиқ, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд ва имрӯз натиҷаҳо дар ҳамаи бахшҳо назаррас мебошанд.

Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосан намунаи зиёди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили ҳунари гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ маҳсулоти нонӣ, ба монанди кулчаю фатир бо андозаҳои гуногун, шириниҳо, чаппотӣ, самбуса ва чанд намуд хӯрокҳои миллӣ, ки ба мардуми ин ноҳияи дурдасти Тоҷикистон хос мебошанд, муаррифӣ гардид.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳунарҳои қадима, ки аз давраҳои пеш то ба имрӯз нигоҳ дошта мешаванд, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.

Дар ноҳия дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, санъати миллӣ, фарҳангу анъанаҳои хоси миллати тоҷик, муаррифии имконияти сайёҳӣ марказҳои омӯзиши касбу ҳунар, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, адрасбофӣ ва нуқтаҳои намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардид, ки ба ин восита шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар ва даҳҳо нафар бо ҷои кор таъмин шуданд.

Дар намоишгоҳ ҳамзамон сару либоси миллӣ, аз қабили чакан, атласу адрас, либоси ягонаи корӣ ва имконияти сайёҳии ноҳия муаррифӣ гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, давоми солҳои 2019- 2021 ҷиҳати рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳнавардӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои зебою нотакрори ноҳияи Лахш иншооти зиёди хизматрасонӣ бунёд гардид, ки имрӯз аз чунин шароити мусоид сайёҳон истифода мебаранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва суҳбати самимӣ бо ҳунармандони чирадасти ноҳия таъкид намуданд, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги баланд, бунёдкору ободгар ва меҳнатдӯст мебошад. Дар робита ба ин насли ояндаи Тоҷикистон, хосса ҳунармандону фарҳангшиносонро зарур аст, ки ин анъанаи ниёгонамонро идома дода, барои эҳё ва рушд додани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои қадима аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE