Ӯзбекистон: Дастаи наврасони Истаравшан дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби медалҳои тилло шуданд
Дастаи футболи Ташкилоти давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳри Истаравшан ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ байни кӯдакони солҳои таваллуди 2009-2010 гардид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи Ташкилоти давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳри Истаравшан хотима ёфт. Мусобиқаи байналмилалии футбол миёни наврасони солҳои таваллуди 2009-2010, ки дар Бекобод баргузор гардид, ба Рӯзи металлургҳо бахшида шуда буд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ футболбозони навраси шаҳри Истаравшан ҳамсолони худ аз Самарқандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, дар бозии дуюм онҳо бо ҳамин ҳисоб «Насаф» -ро шикаст доданд. Дар бозии нимниҳоӣ дастаи Истаравшан бар дастаи АГМК-1-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Вохӯрии ниҳоӣ бо мизбонони мусобиқа- дастаи «Металлург» -и Бекобод бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои 11-метра футболбозони навраси тоҷик мизбононро бо ҳисоби 4:3 мағлуб намуда, барандаи ҷоизаи асосии мусобиқаи мазкур шуданд.
Ин дуюмин мусобиқаи байналмилалиест, ки дастаи наврасони шаҳри Истаравшан дар он соҳиби медалҳои тилло мешавад.