4 медали самбочиёни тоҷик дар Тошканд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон, ки 4-6 июни соли равон  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори  22 медал – 4 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар  Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон  аз 10 давлати қора варзишгарон  иштирок карданд. Дар  чемпионати мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо дар ҳайати 45 нафар (22 нафар калонсолон, 10 нафар ҷавонон, 13 нафар наврасон)  иштирок намуданд.

Медаҳои тиллоро Ҳамроз Раҷабов дар вазни -79кг миёни калонсолон, Меҳровар Чақалов дар вазни 64кг, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни 71кг миёни наврасон ва Бобохон Мирзозода дар вазни 58кг дар самбои размӣ сазовор шуданд.

Ҳамчунин Фирдавс Насимов (98кг) миёни калонсолон, Субҳиддин Халилзода (71кг), Тӯйчибек Шарифов (79кг), Озодбек Назарбекзода (88кг), Бахтовар Бобохонов (98кг) миёни ҷавонон, Суннатулло Лоиқов (79кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (88кг), Ҷаҳонгир Ҳайдарзода (98кг) миёни наврасон ва Табрезшоҳ Парпишоев (79кг) дар самбои размӣ медали нуқра ба даст оварданд.

Медалҳои биринҷӣ насиби Масъуд Қуқаншоев (-58кг), Муҳаммадисо Раҷабов (71кг), Деваштич Убайдӣ (79кг), Хуршед Маҷидов (+98кг) миёни калонсолон, Ҷаҳонгир Камолов (64кг), Давлатҷон Назриев (+98кг) миёни ҷавонон, Анушер Гулов (58кг), Иброҳимҷон Элмуродов (98кг) миёни наврасон ва Сорбон Латифов (64кг) дар самбои размӣ соҳиб гардиданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE