Ҷоми ҷаҳон-2022: Футболбозони тоҷик тими миллии Мянмарро мағлуб карданд

Дар бозии ниҳоии даври дуввуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 тими мунтахаби Тоҷикистон Мянмарро бо ҳисоби бузург мағлуб кард.

Футболбозони тоҷик ба дарвозаи рақибони худ 4 голи бе ҷавоб заданд. Бозии мазкур имрӯз, 15 июн, дар варзишгоҳи Янмар Нагайи Осака баргузор шуд.

Голҳоро Комрон Турсунов (дақиқаи 34-ум), Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаи 54-ум), Шериддин Бобоев (дақиқаи 78-ум) ва Шаҳром Самиев (дақиқаи 87-ум) ба номи худ сабт карданд.

Дар баробари ин, вохӯрӣ байни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Япония баргузор гардид. Тавре интизор мерафт, футболбозони Япония пирӯз шуданд. Онҳо ба дарвозаи Қирғизистон панҷ гол заданд. Қирғизистон голи ягонаро аз пеналтӣ ба дарвозаи Япония ворид кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE