Паёми Пешвои миллат сармашқи кори ҷавонон

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомиҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида онхо ба хайси неруи пешбарандаи сохахои гуногуни фаъолият эътироф гардиданд. Инчунин бо ибтикори бевоситаи Пешвоми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардида буд, ки ин ҳам аз таваҷҷӯҳи бевоситаи Роҳбари давлат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣҷавонон нақши пашбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

“Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҷавонони нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе ба як қатор дастовардҳои сиёси, иқтисоди, илмию фарханги ва варзишиноил гардиданд ва баҳри сарсабзу хуррамгардонии кишвар низ саҳми хешро гузошта истодаанд”, иброз дошт мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Амир Иброҳимзода.

“Барои пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе пайваста чорабинихои маърифатию фахмондадихиро дар миёни чавонон доир менамояд. Хамчунин вобаста ба масъалахои нигаронкунандаи дигар, аз чумлачудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешу табори наздик ва оқибатҳои он низ тибқи Нақшаи чорабинихои гуногун доир карда мешавад истодаанд”, – гуфт мавсуф.

Барои тақвияти мақом ва дастгирии ҷавонон бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру навоҳии мамлакат фаъолияти назаррас нишон медиҳанд. Кормандони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара ҳам ба мисли ҳамкоронашон аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши назаррас доранд.

Воқеан, имрӯз дар ноҳияи Дангараи вилояти Хатлон барои  ҷавонон ҷиҳати омўзиши илму ҳунар, касбҳои гуногун, забонҳои хориҷӣ ва ғайра шароиту имкониятхои мусоид фароҳам мебошад.

Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара Аваз Раҳмонзода мегӯяд, “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Бахши кор бо занон, Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар мутахассисони пешбари ҷамоату шаҳраки ноҳия дар самти амалигардонӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ намудани ҷавонон аз худкушӣ ва дигар рафторҳои номатлуб дар деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия суҳбату вохӯриҳоро доир намуда истодаанд. Дар ин баробар, ҷавонони ноҳияи Данғғара ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, – мегӯяд ҳамсуҳбатамон Раҳмонзода Аваз.

Ҷавонони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, барои эътибору нуфузи бештар пайдо кардани Тоҷикистон саъю талош мекунанд.

Зулайхо САФАРОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE