Мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми бозии дуюми дӯстона ба Дубай сафар кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Басра бо тими миллии Ироқ рақобаташро бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима дод, дирӯз, 25 май, баъд аз зӯҳр ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай омад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии Дубай, ки то 3 июн идома мекунад, мунтахаби Тоҷикистон як бозии дӯстона анҷом медиҳад. Рақиби дастаи мо тими миллии Таиланд хоҳад буд. Ин вохӯрӣ рӯзи шанбеи 29 май дар варзишгоҳи Холид Бин Муҳаммад дар Шарҷа соати 21:45 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE