Душанбе: Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД баргузор гардид
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Дар кори иҷлосияи муштарак намояндагони баландпояи кишварҳои узви СААД иштирок доштанд: аз Ҷумҳурии Тоҷикистон — Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва Котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода, аз Ҷумҳурии Арманистон — Котиби Шӯрои амният Армен Григорян, аз Ҷумҳурии Беларус — Вазири корҳои хориҷӣ Владимир Макей, Вазири мудофиа Виктор Хренин ва Котиби давлатии Шӯрои амният Александр Волфович, аз Ҷумҳурии Қазоқистон — муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷӣ Мухтар Тлеубердӣ, вазири мудофиа Мурат Бектанов ва ёвари президент — котиби Шӯрои амният Асет Исекешев, аз Қирғизистон — вазири корҳои хориҷӣ Руслан Казакбоев, вазири мудофиа Таалайбек Омуралиев ва котиби Шӯрои амният Марат Иманқулов, Федератсияи Русия — Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, Вазири мудофиа Сергей Шойгу ва Котиби Шӯрои амният Николай Патрушев. аз номи мақомоти доимии корӣ — Дабири кулли СААД Станислав Зас ва Сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи муштарак, кишварҳои узв оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Қафқози амнияти дастҷамъии СААД ва фаъолияти Созмон дар давраи байнииҷлосиявӣ мубодилаи афкор намуданд. Маълумоти Котиби генералӣ Станислав Зас дар бораи омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати Созмони Ҷумҳурии Арманистон шунида шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо дар маҷмуъ лоиҳаи Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД –ро ба мувофиқа расониданд ва якчанд изҳорот, аз ҷумла Изҳороти муштараки кишварҳои узви СААД «Дар бораи вазъи Афғонистон», Изҳороти вазирони корҳои хориҷиро дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо кибертерроризм, Изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ оид ба талошҳои дастҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ва Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ «Оид ба тасдиқи уҳдадорӣ ба принсипҳои Оинномаи СММ ва таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини риояи қатъии онҳо» — ро ҳамоҳанг намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи муштарак тақрибан 20 қарор қабул карда шуд, ки ба тавсеаи ҳамкории кишварҳои узви СААД оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ ва такмили системаи омодагии якҷояи кадрҳои ҳарбӣ барои қувваҳои мусаллаҳ нигаронида шудаанд. Инчунин Қарори Шӯрои амнияти дастҷамъӣ «Дар бораи намояндаи махсуси Дабири кулли СААД оид ба масъалаҳои ҳифзи сулҳ» қабул карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ба иҷрои пайдарпайи раёсати Тоҷикистон аз рӯи принсипҳои баробарӣ, давомнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми андешаи ҳар як кишвари узви СААД баҳои баланд дода шуд. Қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД нимаи аввали соли 2022 дар Арманистон баргузор шаванд.