Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ
Кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Боларус бо мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сарони Ҳукуматҳо-Саварзирони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз гардид.
Зимни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои фарогири ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод, аз қабили иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, саноату кишоварзӣ, гумрук, сайёҳӣ, фарҳанг ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Сипас кори ҷаласа дар доираи маҳдуд ва васеъ идома ёфт.
Дар ҷаласаи Шӯро беш аз 10 муҳимтарин масъалаи фарогири самтҳои гуногуни ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод, аз ҷумла Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои ИДМ, Нақшаи миёнамӯҳлати амалиёти муштараки кишварҳои аъзои ИДМ доир ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, Созишнома дар самти амнияти санитарӣ дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ ва Созишнома дар соҳаи ҳамкорӣ дар самти ба шуғл фаро гирифтани аҳолии кишварҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баргузории ҷаласа зикр гардид, ки дар замони паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти неки кишварҳои узви ИДМ буд, ки то андозае пеши роҳи пастравии иқтисодиёт дар минтақа гирифта шуда, барои муолиҷа ва пешгирии густариши бемории сироятӣ бо истифода аз таҷрибаи мутахассисони кишварҳои дӯст чораҳои мушаххас амалӣ гардид.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни баргузории ҷаласа таъкид дошт, тадбирҳои мушаххасе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои аъзои ИДМ ба роҳ мондааст, аз принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимод, ҳамкории мутақобилан судманд ва баррасии манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо асос ёфтаанд ва оянда низ ба хотири тақвият бахшидани ҳамгироӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳад шуд.
Дар анҷоми кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус як қатор санадҳо ба имзо расиданд: Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ оид ба огоҳонӣ дар хусуси воридот ва истифодаи маҳсулот бо нишонаҳои дуруғин ва мушаххас набудани кишвари истеҳсолкунанда; Консепсияи ниҳодҳои давлатии ҳокимият (иҷроия), ки идораи захираҳои молиявиро дар кишварҳои аъзои ИДМ амалӣ менамоянд барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабинии асосӣ дар самти амалисозии он; Тадбирандешии маҷмуавии кишварҳои аъзои ИДМ дар хусуси пешгирӣ ва мубориза бо Яшур (бемории сироятии чорво) дар давраи то соли 2025; Протоколи ворид намудани тағйирот дар созишномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр ва банақшагирии фосилавии замин аз 9-уми октябри соли 1992 ва ғайра аз зумраи санадҳои имзошуда мебошанд.