Ба реҷаи ҳаракати нақлиёт тариқи нақби «Истиқлол» тағйирот ворид гардид

Шурӯъ аз имрӯз,  5 июн  ба реҷаи маҳдудсозии ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди  «Душанбе –Чанок» тағйирот ворид гардид. Тибқи он, гузариш барои тамоми намуди нақлиёт  тавассути нақби зикргардида аз самти Душанбе – Хуҷанд,  соатҳои 07:00 — 10:00 ва 13:00 — 16:00 қатъ мегардад.

Аз шаҳри Хуҷанд ҷониби шаҳри Душанбе бошад, чунин маҳдудият аз соати 10:00 то 13:00 ва аз соати 16:00 то 19:00 ҷорӣ хоҳад шуд. Аз соати 19:00 то 06:00 ҳаракати тамоми намуди нақлиёт бидуни монеа имконпазир аст. Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки сафари хешро ба реҷаи мазкур мутобиқ намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE