Дирӯз дар бархе ноҳияҳои Тоҷикистон сел омад
Шабонарӯзи гузашта бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави якчанд ноҳияҳо омадани сел, раъду барқ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин офатҳо хонаҳои истиқоматӣ, хоҷагиҳои ёрирасону заминҳои наздиҳавлигӣ ва роҳҳо зарар диданд. 13 июл, соати 18:05 сокини 18-солаи деҳаи Новаки Ҷамоати деҳоти Ромитро, ки дар чарогоҳи кӯҳии Ромит мол мечаронд, барқ зад. Номбурда бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 13 июл, тахминан соати 13:05 дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел омада, як муддати кӯтоҳ роҳи мошингардро ба самти маркази ноҳия баст. Дар натиҷаи сел лою лойоба ба 7 хонаи истиқоматӣ ва 16 замини наздиҳавлигӣ зарар расонид. Ҳоло комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият дошта, ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус ҷалб шуда, тозакунии роҳҳо ва ҳавлиҳо аз лойоба идома дорад.
Ҳамчунин дар ин рӯз соати 14:30-и вақти маҳаллӣ бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаи Даҳагиёни Ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод сел омад. Дар натиҷаи офати табиӣ 5 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои корам аз лой қисман зарар дида, ду мошин- яке тамғаи ГАЗ-66 ва дигарӣ КАМАЗ-ро сел бурд.
Дар деҳаи Оҳангарони ноҳияи Нуробод сел муваққатан роҳи деҳаро баст. Дар Ҷамоати деҳоти Комсомолобод сел 65 метр роҳро миёни деҳаҳои Сайдон ва Тугак шуста, 2 пули дорои аҳамияти маҳаллиро хароб кард. Роҳи мошингард муваққатан баста шудааст. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад.
Ҳамчунин дар ноҳияҳои Айнӣ ва Масчоҳи Кӯҳӣ бар асари боло рафтани оби дарёи Зарафшон омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа роҳи байни шаҳрак муваққатан баста шудааст. Дар айни замон бо ҷалби техника ва одамон роҳ поккорӣ мешавад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.