«Народная газета» китоби нави худро бо номи “Дар бораи Президенти мардумӣ» аз чоп баровард
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби нави «Народная газета» дар бораи Президенти мардумӣ» аз чоп баромад. Китоб аз 734 саҳифа иборат буда, аз ҷониби нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» таҳия ва нашр шудааст.
Китоб ба марҳилаи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, ки ба вазъи душвори иҷтимоию сиёсии кишвар ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 марбут аст, инчунин сари қудрат омадани Президенти мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат ва асосгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бахшида шудааст.
Бори аввал дар ин китоб матнҳои ҳамаи суханрониҳои Сарвари давлат дар давраи аз соли 1991 то соли 1999, ки дар сафҳаҳои «Народная газета» ва китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо таҳрири С.Фаттоев нашр гардидаанд, гирд оварда шудаанд. Хонанда метавонад бо фаъолияти пурсамари Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳ ва бунёди давлати навини тоҷикон шинос шавад.
Китоб барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, барои омӯзиш аз ҷониби магистрҳо, аспирантҳо, сиёсатшиносон ва онҳое, ки ба таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, тавсия дода мешавад.