Дар Панҷакент Боғи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад

Дар даромадгоҳи шарқии шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ дар масоҳати 7600 метри мураббаъ бунёд шуда, тарҳи он ба сози мусиқии тор шабоҳат дорад. Дар он бунёди фаввораҳо, нишастгоҳҳо, чароғпояҳо ва роҳравҳо дар назар дошта шуда, бо гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз оро дода мешавад.

Дарвозаи боғ  бо баландиву ҳашамати хосса- услуби меъмории миллӣ ва сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороишҳои миллӣ, муҷассамаҳо -рамзи ҳифзу суботи мамлакат бо шакли қаҳрамонҳои достони безаволи «Шоҳнома» сохта мешавад.

Дар пешгоҳи майдони асосии боғ муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо зерпояаш дар баландии 11,7 метр қомат афрохта, дар пасманзар ва паҳлуҳои он деворнигораҳо бо муҳтавои достонҳои безаволи «Шоҳнома», аз ҷумла разми Рустам бо Суҳроб, дар қисмати дигари боғ гузоштани муҷассамаи ду аспи саманд- монанди Рахши Рустам пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ бо ҷонибдорӣ аз иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нашр ва ба ҳар хонадони тоҷик дастрас намудани «Шоҳнома»-и безавол, арҷгузорӣ ба бузургони миллат ва ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE