Ҳалокати ровии телевизиони «Ориёно Нюс» Мино Хайрӣ бар асари таркиш

Ровии маъруфи телевизиони Ariana News («Ориёно Нюс»)  Мино Хайрӣ бар асари таркиши бомб дар микроавтобус дар пойтахти Афғонистон ҳалок гардид.

Телевизиони хусусии “Ariana News” тасдиқ кард, ки  наттоқи шабака ва модари ӯ дар байни кушташудагони таркише буданд, ки 3 июн дар минтақаи Пули сухта дар ғарби Кобул  рух дод. Дар ин ҳодиса чаҳор ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд.

Масъулони Ориёно Нюс ин ҳамларо маҳкум карда гуфтанд, ки аз дирӯз ҷасади Мино Хайрӣ бо сабаби сӯхтагӣҳои бадан шиносоӣ нашудааст ва ҳоло ташхиси шахсият (ДНК) нишон дод, ки ин наттоқ ва модараш дар таркиши рӯзи панҷшанбе кушта шудаанд. Хоҳари Мино Хайрӣ низ сӯхтааст ва дар беморхона бистарӣ шуда аст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳимояи рӯзноманигорони Афғонистон Абдулло Муиди Ҳошимӣ, ҳадфи ҳамлаи террористон маҳз Мино Хайрӣ будааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE