Бозингари ҳолландӣ тарки «Истиқлол» кард
Тими «Истиқлол»-ро Нимҳимоятгари ҳолландӣ Ҳусейн Доган (ДАР АКС) тими футболи «Истиқлол»-ро тарк намуд. Тавре хадамоти матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар дод, ҳам футболбоз ва ҳам роҳбарияти даста ба ин қарор расиданд ва интизор меравад Доган аллакай имрӯз ба қасди ватани худ Душанберо тарк кунад.
Ёдовар мешавем, тими «Истиқлол» варзишгарро ҳангоми равзанаи интиқоли зимистона ба даст овардааст. Ин футболбоз ба дарвозаи «Равшан»-и Кӯлоб як гол зада, беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дониста шуд.
Гуфта мешавад, роҳбарияти «Истиқлол» ба варзишгар барои кори муштарак ташаккур гуфт ва ба ӯ барору комёбӣ таманно кард. Доган футболбози касбӣ аст. Ӯ фаъолияти варзишияшро дар дастаи «Ҳолланд Спарта»-и Роттердам оғоз кардааст. Варзишгар соли 2012 бори аввал ба майдон баромада буд. Сипас даро ҳайати дастаҳои Go Ahead Eagles, TOP Oss ва NAC Breda ҳунарнамоӣ намудааст.