Фарҳод Салим бо Лю Бин мулоқот намуд.
Дирӯз дар Душанбе муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин мулоқот намуд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва раванди омодагӣ ба чорабиниҳои ҷашнии Созмони мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.