Маъмурияти дипломатии Сафири Эстония дар Тоҷикистон ба поён расид

Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Ҳейти Мяэмеэсро ба муносибати ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ изҳори назар намуда, ҳавасмандии худро барои таҳкими баъдии муносибатҳо таъкид карданд. Музаффар Ҳусейнзода ба Ҳейти Мяэмеэс барои саҳмаш дар рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Эстония изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE