Вирусолог пайдоиши супер-штамми коронавирусро пешгӯӣ кард

Пас аз чанд сол метавонад гунаи тағйирёфтаи коронавирус пайдо шавад, ки ба он ваксинаҳои муосир асар нахоҳанд кард. Дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва микробиологияи ба номи Г.П.Сомови Роспотребнадзор, мудири кафедраи эпидемиология, микробиология ва паразитологияи мактаби биомедицинаи Донишгоҳи федералии Шарқи Дур, мудири лабораторияи вирусологияи МФМ Гуногунии биологии шуъбаи АИР дар Шарқи Дури Михаил Шелканов зимни мусоҳиба бо рӯзномаи русии «Известия» изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна вирус, алахусус вируси дорои РНК (ки ангезандаи (патогени) COVID-19 ба он мутааллиқ аст), метавонад танҳо дар шакли «абри намудҳо» вуҷуд дошта бошад. Ҳатто дар як ҳуҷайраи сироятёфта на як, балки якчанд намуди вирус мавҷуд мебошад.

«Шароити мушаххаси вазъ метавонад ба такомули мусбати ин ва ё он намуди муайяни вирусӣ, ки дар ҳудуди муайян ҳоким шудааст, мусоидат кунад», — нақл кард олим. — Бинобар ин, вирус ё комилан маҳв мешавад, ё ин ки ҳамеша аз эминияти дастаҷамъии мо ним қадам пеш хоҳад буд. Аз ин рӯ, пайдоиши гунаи тағйирёфта (эскейп-мутант), ки ваксинаҳои муосир ба он беасар хоҳанд буд, ба мурури вақт вобаста аст. Тақрибан якчанд сол».

Тавре ки коршинос таъкид кард, дар ояндаи наздик пайдо шудани чунин намуди вирусро интизор набояд шуд. Ҳама ваксинаҳои Россия дар муқобили намудҳое, ки ҳоло маълуманд, муассиранд. Аммо, дер ё зуд, гунаи нави вирус пайдо мешавад ва ваксинаҳои мавҷуда дар муқобили он беасар хоҳанд буд.

«Ин меъёри зиндагӣ аст. Коршиносон инро мефаҳманд ва аз ин рӯ заминаҳои технологии мо имкон медиҳанд, ки гунаи ваксинӣ зуд тағйир дода шавад. Ва ин комилан ноаён сурат хоҳад гирифт, чунон ки ҳангоми зуком сурат мегирад», — нақл кард мутахассис.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE