Сохтмони роҳи мошингарди Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон расман оғоз гардид

Сохтмони роҳи мошингарди Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар маросими оғози расмии он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва  Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иштирок намуданд.

Роҳи Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон роҳи мушкилгузар буда, 110 километрро дарбар мегирад.

Ҳамчунин гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеҳои мушкилгузари роҳи Дарвоз-Хоруғ дар ҳудуди ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшон боздид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 июн зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара суханронӣ намуда, ба масъалаи воқеаҳои охири Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, ки аҳолии тамоми мамлакатро ба ташвиш оварда буданд, дахл карданд.

«Рушду некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардумро танҳо дар шароити амнияту оромӣ ва суботи ҷомеа таъмин кардан мумкин аст. Маҳз суботу устуворӣ ва амният барои мардум имкони эҳсоси зиндагии хуррам ва эътимод ба фардоро фароҳам оварда, онҳоро ба меҳнати софдилона ва фидокорона ба нафъи сарзамини хеш илҳом мебахшанд»,- таъкид доштанд Пешвои миллат.

Дар робита ба ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки бо Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамкории зич ба роҳ монда, татбиқи барномаҳои давлатии қаблан тасдиқшударо ҷиҳати рушди минтақа дар соҳаҳои мухталиф аз сар гиранд. Минҷумла, ба Вазири нақлиёт Азим Иброҳим супориш дода шуд, ки ҳарчӣ зудтар аз ҳисоби буҷети давлат роҳу пулҳои аз ҷониби ҷинояткорон харобшуда, аз ҷумла пули болои дарёи Ғунд дар Хоруғро барқарор намуда, сохтмону таҷдиди қитъаи роҳҳои Калъаи Хумб-Ванҷ ва Рӯшон-Хоруғи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма ва долонҳои зиддитарма дар маҳаллаи Барсеми ноҳияи Шуғнонро таҳким бахшад.

Сарвари давлат Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабирро барои омӯзиши имкониятҳо ва хусусиятҳои маҳаллии бунёди паркҳои технологӣ ва корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ бо шарти то ҳадди 80% ба кор дар  ин иншоот ҷалб намудани аҳолии маҳаллӣ ба муддати даҳ рӯз ба Хоруғ ба сафари корӣ фиристоданд.

Сарвари давлат ҳамчунин ба роҳбарони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (ҷиҳати бо кор таъмин намудани сокинони маҳаллӣ), Вазорати маориф ва илм (оид ба таъмини мактабҳои вилоят бо асбобу анҷоми таълимӣ ва рушди забони давлатӣ), Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ (оид ба таъмин намудани хоҷагиҳо бо техникаи зарурии мувофиқ шароити кӯҳсор ва тухмии хушсифат), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (оид ба азхудкунии қариб 1000 гектар замин дар Рӯшон ва дигар ноҳияҳои вилоят), Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ (оид ба вусъат бахшидани сохтмони иншоот дар Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят) дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE