Консули генералии Тоҷикистон дар Алмаато патенти консулии худро расман супорид

17 июни 2021 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон Равшан Бобохонзода бо Роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Алмато Аскар Шоқибаев баргузор гардид. Дар он вохӯрӣ консули навтаъйин патенти консулии худро расман супорид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва илму фарҳангро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи имконоти густариши бештари муносибатҳои дуҷониба табодули назар намуданд.

Дар поёни мулоқот А.Шоқибоев Консули генералиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шудан табрик карда, изҳор намуд, ки Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Алмато барои фаъолияти самарабахши Консулгарии генералӣ дар кишвари маҳалли иқомат кумаки ҳамаҷониба мерасонад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE