Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ
22 июни 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Ёвари маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ хонум Миряна Сполярич Эггерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо ва дурнамои рушди баъдии ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва БРСММ-ро баррасӣ намуда, ҳамкориҳои созанда дар бисёр соҳаҳои рушд, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ ва пойдории экологиро баланд арзёбӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин таваҷҷуҳро ба талошу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла аҳаммияти баррасии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкорӣ дар чорчӯби Раванди оби Душанбе ҷалб кард.
Дар навбати худ хонум Эггер барои густариши ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуд.