Рушди намудҳои гуногуни варзиш дар шаҳри Ваҳдат
Сол аз сол бо хуб шудани шарту шароити зиндагӣ тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат пеш меравад. Хусусан соҳаи варзиш, ки тайи чанд соли охир аст, зери таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ба ин хотир имрӯзҳо ҷавобан ба ин ғамхориҳо варзишгарони шаҳри Ваҳдат дар тамоми мусобиқоти дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат варзида, бо гирифтани медалу ифтихорнамаҳо номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Ҳамасола варзишгарони шаҳри Ваҳдат дар заминаи тамринҳои пайваста ва дастуру ҳидоятҳои мурабиёнашон ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Дар соли равон низ варзишгарони шаҳри мазкур дар чандин мусобиқоти шаҳриву вилояти ширкат варзида, бо гирифтани медалу ифтихорномаҳо миёни дигар варзишгарони минтаҳои мухталифи мамлакат дастболо гардиданд.
Ба таъкиди Шаҳноза Шарофидинова мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Ваҳдат дар шаҳри мазкур варзишгарон аз рӯйи тамоми намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини ҷудо, самбо, валейбол, баскетбол, футбол ва дигар навъи он тамрин намуда, ба мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ омодагӣ мебинанд. Мавсуф ҳамзамон зикр дошт, ки “ Дар муассисае, ки баҳри тамрини ҳамарӯзаи ҷавонон ба роҳ монда шудааст, инчунин ҷавонони дорои имконияти маҳдуд ҳамарӯза омада, машқу тамрин мекунанд”.
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи варзиш имрӯз яке аз соҳаҳои пешрафтатарин ба шумор меравад. Тавре ба мушоҳида мерасад тайи чанд солаҳои охир аст, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз рӯйи ҳама навъи варзиш иштироки фаъолона намуда, парчамбардори Тоҷикистон мегарданд. Ин боиси ифтихор ҳар яки мо буда, месазад, ки боз ҳам кӯшиш намоем, то дар ин ришта ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.
Комрони Абдувалӣ
“Садои Душанбе”
АКС аз сарчашмаҳои интернетӣ