Дар Душанбе мулоқоти 16-уми солонаи котибони шӯроҳои амнияти СҲШ ба кори худ оғоз кард

Имрӯз дар Душанбе мулоқоти 16-уми солонаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оғоз шудаву идома дорад. Мулоқот таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода мегузарад.

Ҷузъиёти дигари мулоқот ва мавзӯъҳое, ки дар он баррасӣ хоҳанд шуд, пеш аз ҳама вазъи Афғонистон, даргириҳои рӯзҳои охир дар ин кишвари ҳамсоя, ки муқобили Гурӯҳи мамнӯъи Толибон сурат гирифта истодааст ва дар ин баробар таъмини амният дар минтақа мебошад.

Мавриди зикр аст, ки СҲШ — созмони байналмилалии доимамалкунандаи байниҳукуматист, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.

Соли равон ба таъсиси ин созмон расо 20 сол пур шуд. Ҳоло раёсати СҲШ-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони шаш давлат дар Шанхай ба имзо расидааст.

Аз соли 2017 сарони кишварҳои узви СҲШ қарор дар бораи қабули Ҳиндустон ва Покистонро ба узвияти созмон имзо намуданд.

Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир дар СҲШ мебошанд. Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар ин сохмон кишварҳои шарик маҳсуб меёбанд.

Суратгузориш аз ҷараёни ин ҷаласа, ки ҳамкорамон Гулнора Насриддинова ва Фирӯз Каримзода он ҷо иштирок доранд:

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE