Баргузории Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе»

26 июн  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони «800-солагии Москав»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и пойтахт Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» баргузор гардид.

Фестивал-намоишгоҳ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Иштирокдорони Фестивал-намоишгоҳи мазкур  мошинҳои нодир ва маъруфи  тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожетс», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz»-ро, ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, тамошо карда, ҳаловат бурданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Oldtimer» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода мекунад.

 

Ёдовар мешавем, ки Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» 14 сентябри соли 2019  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мавриди ёдоварист, ки нахустин фестивал-намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» 21 апрели соли  2013  дар  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар  майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ.Шерозии пойтахт  баргузор гардида буд. Паради автомобилҳои коллексионӣ аз кӯчаи Карамов ба самти хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А. Дониши  пойтахт  гузашта буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE