Хуҷанд: Мумфаршкунии роҳ аз Хуҷанд то ҷамоати деҳоти Ёва оғоз гардид
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи Хуҷанд-Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида шуд. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мазкур ба масофаи 1,5 км мумфарш карда мешавад. Паҳноии роҳ то ба 13 метр расида, ҷӯйбори ду канори он ба тартиб оварда шуда, чароғонкунии кӯча низ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳи мазкур, ки тавассути он сокинони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ба маркази вилоят рафту омад мекунанд, солҳо инҷониб таъмир нашуда буд.
Раиси вилоят ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшида, зимни суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, то имрӯз 7000 иншоот дар вилоят ба истифода дода шуд. Дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳо низ вусъат ёфта, танҳо дар соли равон 300 км роҳҳои шаҳру ноҳияҳо пурра мумфарш хоҳад шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз сокинон даъват намуд, ки дар ободонии маҳал ва биноҳои истиқоматӣ саҳми худро гузошта, кӯчаву маҳаллаи хешро тозаву озода нигоҳ доранд. Сокинон Мукаррама Сатторова ва Содирхон Умаров ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои иҷрои кори хайр ва мумфаршкунии роҳи мазкур миннатдории худро баён доштанд.