Қодири Қосим дар радиои “Садои Душанбе” саҳми соҳбкорӣ дар рушди иқтисодиёти миллиро баррасӣ кард
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар радифи дигар соҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла сиёсату маъориф, ба соҳаи иқтисодиёт низ таваҷуҳи хоса зоҳир менамояд, зеро ягон кишвари мутараққӣ наметавонад бе рушди иқтисодиёт ва соҳибкориву ҷалби сармоягузорӣ рушд намуда ба ҳадафҳои стратегӣ ноил швад.
Ҳамин аст, ки дар кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт як қатор қонуну қарорҳо қабул гардида, барои соҳибкорону сармоягузорон имкониятҳои махсус фароҳам намуданд. Бояд гуфт, ки то ба имрӯз дар кишвар бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар якҷоягӣ корхонаҳои гуногун сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Бунёди корхонаҳо, агар аз як ҷиҳат истеҳсолотро таъмин намоянд, аз ҷониби дигар ба сокинон ҷойи кори доимӣ муҳайё намуда, некуаҳволии онҳоро таъмин менамод.
Бояд гуфт, ки соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар буда, бо содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Инчунин, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ саноатӣ ба соҳибкорон имтиёзҳои гумрукиву андозӣ роҳандозӣ карда шудааст, ки соҳибкорон аз он истифода бурда, дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳмгузоранд. Дар робита ба ин мавзӯъ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иброз намуд, ки соҳаи соҳибкориву сармоягузорӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбари олии кишвар қарор дошта, барои ҷалби сармоягузорон ба иқтисодиёти мамлакат заминаҳои асосии ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст.
Идомаи андешаҳои Қодири Қосимро имрӯз соати 16:10 ба таври оригиналӣ ва такрори онро соати 02:00 дар барномаи “Суҳбат дар мавзӯи рӯз” тариқи мавҷи радиои “Садои Душанбе” бишнавед.
Умедаи САНГАЛӢ,
“Садои Душанбе”