Кӯлоб: Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз мешаванд
Дар мавзеи офатзадаи шаҳри Кӯлоб корҳои барқарорсозӣ бомаром идома дошта, аз ҷумла бо кумаки Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) соҳили дарёчаи шаҳр, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидааст, мустаҳкам гардонида мешавад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) бо ин мақсад ба шаҳри Кӯлоб омада, дар якҷоягӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода аз макони зарардида дидан намуданд.
Зикр шуд, ки Агентии мазкур барои корҳои соҳилмустаҳкамкунии ин мавзеъ сӯзишворӣ кӯмак расонида, тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ баҳри анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кӯлоб мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид.