Ифтитоҳи фермаи парандапарварии ҶСК “Ҷасур” дар ноҳияи Зафаробод
13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҷасур” дар шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд.
Дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҷасур” парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.
Чӯҷаҳо барои парвариш аз шаҳри Хуҷанд дастрас гардида, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2,5 то 3 килограмм вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мегарданд.
Корҳои сохтмонӣ дар фермаи парандапарварии “Ҷасур” моҳи ноябри соли 2019 оғоз ёфта буд ва инак марҳилаи аввали он дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Муассиси корхона соҳибкори ватанӣ Фурқат Нормаматов мебошад.
Корхона дорои 5 мурғхона буда, 3 адади дигари он то ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон ба истифода дода мешавад.
Масоҳати корхонаи нави парандапарварӣ 2 ҳазору 260 метри мураббаъро дар бар гирифта, феълан дар ду бинои он 30 ҳазор сар паранда парвариш меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти ферма иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумори паранда ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Роҳбарияти фермаи парандапарварии “Ҷасур” ваъда доданд, ки саршумори парандаро дар оянда ба 75 ҳазор сар расонда, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парҳезиро низ боло мебардоранд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гардида, дар самти тақвияти иқтидори содиротии кишвар, рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаҳои воқеӣ гузошта мешавад.
Дар фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ҷасур” зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар оянда ин шумора ба 50 нафар расонида хоҳад шуд.
Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.
Фермаи парандапарварии “Ҷасур” дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардидааст.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат лоиҳаи 3 мурғхонаи дигар, ки дар марҳилаи дуюм бунёд карда мешавад, муаррифӣ карда шуд.
Иқтидори солонаи истеҳсоли гӯшт айни ҳол дар ин ферма 340 тоннаро дар бар мегирад ва бо фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона ин нишондод то ба 800 тонна расонида хоҳад шуд.
Масъулини корхона нақша доранд, ки истеҳсоли хӯроки чӯҷаҳоро низ дар назди корхона ба роҳ монанд.
Ҳамчунин дар саҳни фермаи парандапарварӣ намунаҳои гуногуни гӯшти парандаи истеҳсоли корхонаи мазкур, аз ҷумла дар шакли яхкардашуда, поча ва қаноти мурғ ба намоиш гузошта шуд.
Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин корхона бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад.
Масъулони фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҷасур” нақша доранд, ки бо парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта, ояндаи наздик содироти чунин маҳсулотро низ ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра ба раванди парвариши паранда дар Фермаи парандапарварии “Ҷасур” ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона иқдоми соҳибкори ватаниро муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон барои истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида дар ин самт ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ, инчунин саҳмгузории бештар дар дастрасии сокинони мамлакат бо маҳсулоти худӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.