Баррасии КОВИД – 19 дар суҳбати Ораш Алоӣ

Сар аз шуруъшавии бемории КОВИД – 19 аз ҷониби мутахассисон ва табибон тавсия мешавад, ки барои сироят нашудан ба он бояд қатъиян қоидаҳои беҳдоштиро аҳолӣ бояд риоя кунанд. Яке аз онҳо истифода аз ниқобҳои тасиявӣ мебошад. Сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмиллалии тандурустӣ ва омӯзиш дар ИМА, вирусшинос, доктор Ораш Алоӣ мегӯяд, агар дар ҳавои беғубору тоза зиёд бошем, ба бемории КОВИД 19 гирифтор намешавем ва ё камтар хатари онро эҳсос мекунем.

Соли гузашта бо гарм шудани ҳаво дар фасли тобистон сафи сироятшудагон дар кишварамон коҳиш ёфта, олудашави ба он низ камтар гардид. Вале вазъият имсол тамоман дигаргун шудааст. Дар айни фасли тобистон шиддати сироятшавӣ ба вируси мазкур хеле афзоиш ёфтааст.

Вируси КОВИД – 19 шуруъ аз моҳи декабри соли 2019 аз худ дарак дод ва яку якбора хисороти зиёди ҷониву молӣ ба бор овард. Ораш Алоӣ мегӯяд, мутахассисон онро ҳанӯз соли 1960 кашф кардаву ташхис мекунанд. Ба андешаи онҳо, бемориҳои сироятӣ аз оилаи коронавирусҳо хеле маккор, зирак ва тағйирёбанда бошанд ҳам, аммо мо метавонем онро пешгирӣ кунему сатҳи гирифторшавиро камтар созем. Барои ин бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунему бо ин роҳ худ ва атрофиёнамонро ҳифз намоем.

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории COVID-19 маъракаи ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18 – сола боло оғоз гардид. Шаҳрвандони аз 18 – сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID – 19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.

Ваксинатсия ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад. Тибқи тавсияи мутахассисон танҳо бо гирифтани ваксина ҳар як нафар метавонад худ ва наздиконашро аз сирояти COVID-19  эмин нигоҳ дорад. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола боло 23 марти соли равон  ва марҳилаи дуюми он 25 май оғоз гардид.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE