Омодагӣ дар соҳаи тандурустӣ ба қадри 99 фоиз ба анҷом расидааст
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат 886 адад генераторҳои барқӣ мавҷуд буда, барои онҳо 57 338 литр сӯзишворӣ захира гардидааст, ки дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ин матлабро Сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии вазорат Зайнулло Шарифов 25 ноябр зимни баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, дар ҷаласа Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарони хадамоти соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Зайнулло Шарифов иброз намуд, ки корҳои дар ин самт анҷомдода 99 фоизи нақшаи давраи зимистонро ташкил медиҳанд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расида, ситодҳо ташкил ва корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шуданд.
Дар доираи маблағҳои ҷудогардида, соли равон корҳо барои нигоҳдорӣ ва таъмир, шишабандӣ, таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоот ва қубурҳои обгузари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.