Душанбе: Ҷамолиддин Абдуллозода ба аёдати гирифторони коронавирус рафт
Дирӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони вазир – Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода ба як зумра муассисаҳои тандурустии пойтахт рафта, бо вазъи саломатии гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 аз наздик шинос шуданд.Аз ҷумла, Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Абдухолиқ Амирзода бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз вазъи саломатии гирифторони ин беморӣ аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварда, бо ҷаоаёни табобати гирифторони беморони коронавируси нави COVID-19 воқиф гардиданд. Дар натиҷаи ин боздид маълум гардид, ки дар муассисаҳои мазкур дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.
Аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба масъулини беморхонаҳои мазкур ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ин зимн Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхона қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Ёдовар мешавем, ки мутахассиси варзидаи рус, терапевт Зайцев Андрей Алексеевич давоми чанд рӯз мешавад дар Тоҷикистон қарор дорад, ба муассисаҳои тандурустии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, ки дар онҳо гирифторони сирояти коронавирус табобат мегиранд, ташриф оварда, бо мутахассисони тоҷик оид ба табобати бемории мазкур табодули таҷриба менамояд.