Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷашнвораи дӯстии Сеул 2025 ташкил шуд
24-25 май бо ибтикори Ҳукумати шаҳри Сеул дар майдони Донгдэмун Ҷашнвораи дӯстии Сеул бо иштироки корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бузурги Корея баргузор шуд. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Дар гӯшаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея сокинон ва меҳмонони пойтахти Ҷумҳурии Корея бо таъриху тамаддуни бостонӣ, фарҳанги пурғановат, ҳунарҳои қадимии мардумӣ, либосҳои миллӣ ва ҷозибаҳои сайёҳии мамлакат шинос шуданд.
Дар фестивал ҳамчунин бо мусоидати тарабхонаи тоҷикии шаҳри Йонгин гӯшаи таомҳои миллии тоҷикӣ ташкил карда шуда, ба иштирокдорони ҷашнвора анвои ғизоҳои болаззати миллӣ пешкаш гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея