Истеҳсол ва содироти RС СOLA дар Тоҷикистон
Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина саноатчиёни вилояти Суғд мекўшанд, иншооти хурду бузурги саноатиро сохта, ба истифода диҳанд. Баробари ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштани солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» масъулияти саноатчиёни кишварро бештар кард. Афзудани коргоҳҳои саноатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард, зеро баробари бунёди коргоҳҳои нав ҷойҳои корӣ зиёд гардида, сатҳи муҳоҷират коҳиш ёфта, зиндагии шаҳрвандон хуб ва иқтисодиёти кишвар беҳ мегардад. Ҷоиз ба қайд аст, ки имрўз саноатчиёни вилоят мекўшанд, сифати маҳсулоти истеҳсолии худро беҳтар гардонида, содироти онро ба бозори ҷаҳонӣ афзун созанд. Дар ин замина нақши соҳибкорон низ назаррас буда, имконияти хуб барои истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти баландсифату рақобатпазир мебошад. Ин аст, ки дар самти содироти маҳсулоти саноатӣ коргоҳҳо ба натиҷаҳои баланд ноил гардида истодаанд.
Дар қаламрави вилоят баробари содироти маъдан ва консентрат, семент, чарм, либосворӣ, маҳсулоти кишоварзиву консервагӣ содироти обҳои ташнашикан низ ба роҳ монда шудааст. Тавре аз Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, давоми чор моҳи соли равон обҳои газнокшудаи бе истифодаи шакар 64 тонна ба маблағи 11849 ҳазор доллар, обҳои газнокшуда бо таъми ширин 3752 тонна ба маблағи 1160424 ҳазор доллар, шарбатҳои мевагӣ ва сабзавотӣ 93 тонна ба маблағи 44593 ҳазор доллар ба Ҷумҳурии Қазоқистон содирот шудааст.
Бино ба иттилои шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, алҳол дар қаламрави вилоят наздик 20 коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан, аз ҷумла ҶСП «Оби Зулол», ҶСП «Евро – Азия – 2005», ҶДММ «Сирдарё», ҶДММ «Нўшокиҳои муҳаббат», ҶДММ «Оби Ватан», ҶДММ «Оби Ширин», ҶДММ «Шаҳд», ҶДММ «Шарбати мева» ва амсоли ин фаъолият доранд. Коргоҳҳои мазкур бештар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Истаравшан мавҷуданд. Истаравшан яке аз шаҳрҳои саноатӣ маҳсуб ёфта, дар он беш аз 50 корхонаи хурду миёна, аз ҷумла ҶДММ «Адл», ҶДММ «Автошина», корхонаи истеҳсолии «Авангард – 2013», ҶДММ «Покиза – 2013», ҶДММ «Кафшгар», ҶДММ «Нурпак», ҶДММ «Наврӯзи ҷаҳон», ҶСП «Оби Зулол» ва дигар коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд. Алҳол дар корхонаҳои саноатии шаҳр 1285 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ҳастанд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Алишер Маъмуров иттилоъ дод, ки чор моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 208 миллиону 904,6 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124,6 фисад афзудааст. – Баробари эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» чор корхонаи хурду миёнаи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Файзи тиҷорат» ба истеҳсоли маснуоти нассоҷӣ – ватин ва синтофон, ҶДММ «Нури Истаравшан» ба истеҳсоли маҳсулоти ҷўроб, ҶДММ «Санги Сабур» истеҳсол ва коркарди сангу шағал ва ҶДММ «Шарафи рўз» – истеҳсоли бомпўши пластмасӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Боиси таъкид аст, ки ба коргоҳҳои таъсисёфта беш аз 30 нафар сокини шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, – афзуд Алишер Маъмуров. Дар шаҳр маҳсулоти ду коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла ҶСП «Оби Зулол» – истеҳсоли обҳои ташнашикан ва ҶДММ «Адл» – истеҳсоли бозичаҳои бачагона ба содирот равона шудааст. Яке аз коргоҳҳои бузурги шаҳр Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» чанд сол инҷониб содироти обҳои ташнашикан, аз ҷумла истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот, мураббо ва афшураҳои мевагӣ, истеҳсоли ғизои кӯдакон дар борҷомаҳои мулоимро ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин, дар коргоҳ истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва афшураҳо бо тарзи резиши гарм ва хунук дар зарфҳои шишагин, ки ҳаҷмашон 0,33 ва 0,5 – литра аст, ташкил шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкат ба пуррагӣ аз меваҳои ватанӣ буда, асосан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳо содирот мешаванд. Содирот бештар дар самти нӯшокиҳои ташнашикан, обҳои нӯшокӣ, шаҳду шарбатҳои мевагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давоми чор моҳи соли равон маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳ ба маблағи 13 миллиону 998,8 ҳазор сомонӣ ба давлати Қазоқистон содирот шудааст. Яке аз обҳои ташнагишикане, ки дар бозор харидорони худро дорад, ин нўшокии ташнашикани RC Cola аст. Дар таркиби нўшокии мазкур маводи кимиёвӣ дида намешавад.
Директори истеҳсолот Ғанӣ Қурбонов зимни суҳбат қайд кард, ки барои дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи худро ишғол кардан роҳбарият мекўшад, танҳо маҳсулоти босифатро ба харидорони худ пешниҳод созад.
– Ҳоло ширкат наздик 100 номгўи маҳсулот истеҳсол мекунад. Нўшокии RC Cola дар чор формат, аз ҷумла дар ҳаҷми 0,33 – 0,5 – 1 – 1,5 литр дар зарфҳоипластикӣистеҳсол мешаванд. Нўшокии мазкур бо 4 намуд таъму мазза – RC Cola, Green apple, Orang, Lemon laim омода мешавад. Дар як шабонарўз танҳо як намуд, масалан, нўшокӣ дар зарфи 1,5 – литра 500 ҳазор литр, дар зарфи 0,5 – литра 180 ҳазор литр истеҳсол мешавад, – гуфт Ғанӣ Қурбонов.
Тавре иттилоъ дорем, чанде пеш дар ширкати мазкур хатти нави технологӣ ба фаъолият шуруъ карда буд. Дар хатти нав имкони дар зарфҳои шишагин истеҳсол кардани RC Cola ва шарбати мева имконпазир аст. Ҳоло ширкат содироти нўшокии мазкурро дар зарфи шишагин ба роҳ мондааст. Ашёи хоми нўшокии RC Cola ба ҷуз об аз Аврупо ва Ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Қирғизистон ворид карда мешавад. Боиси таъкид аст, ки ширкат дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷ ҳанӯз 12 – уми сентябри соли 2000 – ум сохта, ба истифода дода шуда буд. То ин дам дар корхонаи саноатӣ чор хати технологӣ мавҷуд буд ва боз ду хати нави истеҳсолӣ ба кор даромад.
Масоҳати умумии ҶСП «Оби зулол» 10 гектар буда, аз он 3 гектар масоҳати истеҳсолиро ташкил медиҳад. Хатти якум ба маблағи 18 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ва хатти дуюм ба маблағи 6 миллиону 960 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Хатҳои технологӣ ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз давлати Итолиё ворид шуда, мутахассисон низ дар ин давлат таҷрибаомӯзӣ кардаанд.