Давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон 69 тарма фаромадааст

Тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 69 тарма фаромадааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

16 феврал дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 44 маротиба тарма фаромадааст. Ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои «Душанбе — Дарвоз — Хоруғ», «Рӯшон — Хоруғ», «Хоруғ — Ишкошим» маҳдуд карда шудааст.

Дар деҳаи Гожаки Ҷамоати деҳоти Ғарибшои ноҳияи Шуғнон 16 феврал бар асари фаромадани тарма як сокини 16-сола ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро берун оварда, ба наздиконаш супурданд.

Субҳи 17 феврал теъдоди ҳалокшудагони тарма 17 нафар буд: 16 нафар дар ҳудуди Бадахшон ва 1 нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб.

Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 11 маротиба, дар навоҳии Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш 14 маротиба фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE