Амирбеки Темур: Содирот ба хориҷа боиси гаронии нархи сабзӣ шуд
Ӯ гуфт, ки “Воқеан ҳам соли равон арзиши як қатор маҳсулоти ғизоӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон низ дар муқоиса ба солҳои гузашта ба маротиб боло рафт. Вақте ки сарҳадҳо бастаанд ва деҳқонону соҳибкорони мо наметавонистанд, маҳсулоти худро барои бо нархи баландтар фурӯхтан ба андозаи муайян ба кишварҳои хориҷа содирот намоянд, маҷбур шуданд, ки ба фарқ аз солҳои қаблӣ маҳсулотро дар дохили кишвар бо нархи каме болотар ба фурӯш бароранд, то хароҷоти ҳаматарафаи худро рӯйпӯш карда тавонанд. Аз тарафи дигар, баланд шудани арзиши маҳсулоти сӯзишворӣ низ таъсири калони худро дар гароншавии нархи маҳсулоти ғизоӣ расонид”.
Мавсуф қайд кард, ки “Бинобар сабаби сардиҳо ҷамъоварии сабзии имсола қариб 15 рӯз дертар аз нақшаи муқаррарнамудаи мақомот оғоз гардида буд. Аз тарафи дигар, вақте соҳибкорони мо фаҳмиданд, ки дар кишвари Қирғизистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя нархи сабзӣ ба маротиб болотар аз дохили кишвар ва соири кишварҳои дигари ҳамсоя аст, ҳаҷми бештари сабзиро ба ин кишварҳо содирот карданд. Дар натиҷа сабзӣ дар дохил камчин шуд ва арзиши он дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон чанд баробар боло рафт.”
– Барқарор кардани маҳсулоти талафёфтаи дигаре, ки дар ҳудуди 50 гектари боқимондаи ин заминҳо буданд, фикр мекунам, бо ба роҳ мондани кишти такрорӣ имконпазир аст ва роҳбарияти Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар ин самт ҳамкориҳоро бо соҳибкорону деҳқонони ноҳияи мазкур ва дигар ноҳияҳои зарардида низ ба роҳ хоҳад монд, – афзуд А. Темур.