Ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика нақлиётҳои яхдондор тақдим карда шуданд
Ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад анақлиёти яхдондор (Авторефрижератор) тақдим гардид.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нақлиётҳои мазкур бо мақсади беҳтар гардонидани дастрасии хизматрасонӣ оид ба саривақт ва бехатар интиқол намудани ваксинаҳои зидди COVID-19 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ваксинаҳое, ки ба ҳарорати гармӣ ҳассосияти зиёд доранд, аз қабили «Pfizer», «Moderna» ва дигар намудҳо, тақдим гардиданд.
Ҳар як нақлиёт бо арзиши 48 ҳазору 800 доллари ИМА аз ҷониби Лоиҳаи «Рушди хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардида, ҳамчун кумаки башардустона ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика тақдим шуданд.