Ифтитоҳи Муассисаи томактабии “Калидчаи Заррин” дар ноҳияи Сангвор
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшиданд.
Кӯдакистони замонавӣ дар маркази ноҳияи Сангвор барои 100 нафар дӯстрӯяк дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» бунёд карда мешавад.
Фармоишгари муассисаи нави томактабӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор буда, лоиҳаи иншооти зебо аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо лоиҳаи бунёди Муассисаи томактабии «Калидчаи Заррин» дар ҳамин ҷо бо имконоти фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» дар ноҳияи Сангвор шинос гардиданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» аз корхонаҳои пешқадами саноатӣ дар мамлакат буда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми намоён дорад. Корхона дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат фаъолияташро сол аз сол тавсеа бахшида, бо ворид ва васлу насби хатҳои нави технологӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир дар асоси ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати истифодаи пурраи имконоту иқтидорҳои мавҷуда аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба корхона технологияҳои насли нав ворид карда шудааст. Дар корхона наздики 400 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона барои дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои неку бобарор дар рушди иқтисоди миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.