Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Белгия Филипп барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

17-уми июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Белгия  Филипп   барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари рӯй додани селу обхезиҳои шадид дар манотиқи мухталифи Белгия, ки муҷиби талафоти ҷонӣ шуда, хисороти зиёди моддиро ба бор овардаанд, боиси андӯҳи амиқи мо  гардид.

Хоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии моро дар иртибот ба марги фоҷеавии шаҳрвандон бипазиред. Орзуманди шифои комили осебдидагон ва рафъи ҳарчӣ зудтари оқибатҳои харобиовари боришоти шадид ҳастем.»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE