ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОДАНД

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода шуд.

Президентҳои ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати фаро расидани Соли Нав самимона табрик намуданд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Белорус осмони соф, субот ва рушди устувор таманно карданд.

Дар рафти суҳбат Сарвари давлати мо қайд намуданд, ки ба шарофати саъю талошҳои ҷонибҳо муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.

Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷонибҳо ҳамкориҳои судмандро дар чорчӯбаи шарикии босамари стратегӣ минбаъд низ афзоиш хоҳанд дод.

www.president.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE