Вориди 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ба Тоҷикистон аз Чин

Имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллион  воя ваксинаи «CoronaVaс» бар зидди бемории сирояти нави коронавируси COVID-19 ва сӯзандору ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд.

Дар маросими қабули ваксинаи мазкур муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE