Олимони тоҷик алайҳи коронавирус даво ихтироъ кардаанд

 Дар Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла «ҷорубак» алайҳи COVID-19 дору ихтироъ карда шудаст, хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Президенти Академияи миллим илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ. 

Бино ба гуфти академик Раҳимӣ, танҳо пас аз гирифтани патент дар бораи доруи ихтироъшуда маълумоти муфассал дода мешавад. Феълан танҳо маълум аст, ки дору дар асоси гиёҳҳои шифобахш аз ҷумла — растании «ҷорубак» омода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан дар посух ба суоли хабарнигорон  дар мавриди истеҳсоли ваксина ё доруҳо алайҳи коронавирус гуфта буд, олимони ҷумҳурӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш 12 намуди моддаҳои фаъоли биологиро истеҳсол намудаанд.

Вай таъкид намуда буд, ки ин моддаҳо барои баланд бардоштани масунияти бадан ё худ  иммунитет (маҷмӯи аксуламал, ки ба муҳофизати организм аз ангезахои сироят нигаронида шудааст) мусоидат мекунанд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, биног ба маълумоти  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли равон дар кишвар ягон ҳолати таъйидшудаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Яке аз омилҳои ҷой надоштани коронавирус ба сатҳи баланди ваксинагирӣ рабт дода мешавад, ки барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE