Ёдоварӣ аз хизматҳои бунёдгузори давлати миллӣ дар “Садои Душанбе”

Дар саҳифаҳои таърих номи сиёсатмадоре сабт шудаву мондагор мегардад, ки миллат ва давлаташро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, барои истиқрору таҳкими сулҳу озодӣ, Истиқлоли сиёсӣ, таъмини рушду нумӯи устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, обрӯву эътибори байналмилалии кишвараш пайваста талош карда, ба мақсад расидааст. Ба ин маънӣ, муддати сӣ сол аст, ки дар расонаҳои ҷаҳон номи шахсияте инъикос ва вирди забонҳо мебошад, ки алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, ба кишвари ҷангзада сулҳи комил овардааст, бозгашти беш аз миллион гурезаи иҷбориро ба Ватани азиз — Тоҷикистон таъмин ва зиндагии осудаи ҳар як хонадонро аз марказишаҳруноҳияҳо то ба дурдасттарин деҳаҳои мамлакат муҳайё намудааст.

Воқеан, дар рӯзҳои мо сулҳу оромӣ аз мавзӯъҳои муҳимтарини сайёра ба шумор мераванд. Ба ҳамин хотир аст, ки ин неъмати бебаҳо бо гузашти айём аҳамияти хосса касб карда, шахсияти сулҳофарро абадан дар ҳофизаи таърихии халқ азизу гиромӣ медорад. Мо ифтихор менамоем, ки дар замони кору фаъолияти бемислу монанди чунин як шахсияти таърихӣ сабақ омӯхтаем, бо чашми сар он аъмоли ибратомӯзу беназирро мушоҳида кардаем ва аз ҳама муҳим, дастуру ҳидоятҳои хирадмандона ва ғамхоронаи Пешвои миллатро шунидаем, ки ҳамаи онҳо саршори муҳаббат ва самимияти беандоза ба ҳар як сокини кишвар, ба ҳар як хонадон ва дар маҷмӯъ, бароиободии ин марзу буми муқаддас мебошанд, ки номи он Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин замина, андешаҳои сиёсатшинос Нуралӣ Шаъбоновро доир ба хизматҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат дар барнои навбатии “Муждаҳои Истиқлол” имрӯз, соати 14:10 бо Неъмати Муҳиб аз мавҷи радиои “Садои Душанбе” шунавед.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE