Данғара мизбони Форуми минтақавӣ ва вохӯрии соҳибкорони вилояти Хатлон ва шаҳри Қунияи Туркия мегардад

Дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия 4 сентябр ҳайати калони доираҳои тиҷоратию соҳибкории Туркия таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдои Туркия ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи сафари ҳайати Туркия ба Тоҷикистон баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад.

Ҳайати Туркия бо роҳбарону намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва Раиси шаҳри Кӯлоб мулоқот анҷом медиҳад. Инчунин дар Душанбе вохӯрии соҳибкор бо соҳибкор (В2В) баргузор мегардад.

Ҳамзамон дар ноҳияи Данғара бо иштироки соҳибкорони вилояти Хатлон ва шаҳри Қунияи Туркия форуми минтақавии дуҷониба баргузор гашта, соҳибкорони Туркия аз минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Кӯлоб», шаҳри бостонии Кӯлоб, ки бо шаҳри Қунияи Туркия бародаршаҳр аст ва Осорхонаи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE